Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинажод ба музокирот бо ИМА омодааст


Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод
Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод
Рӯзи якшанбе президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод гуфт, ки агар дар иртибот бо барномаи ҳастаии Теҳрон ҷомеаи ҷаҳонӣ фишор рӯи Эронро коҳиш диҳад, ӯ ба музокирот бо ИМА омодааст. Як рӯз пеш аз ин раҳбари рӯҳонии Эрон оятуллоҳ Алии Хоманайӣ иброз дошт, ки то замони мавҷудияти таҳримҳо музокирот бо Вашингтон доир нахоҳад шуд.
Дар Эрон таҷлили 34-умин солгарди инқилоби исломӣ шурӯъ шудааст. Инқилоби соли 1979 шоҳи Эронро аз қудрат дур намуда, низоми ҷумҳурии исломиро бунёд намудааст. Рӯзи якшанбе гирдомадагон дар шаҳри Теҳрон бо шиорҳои "Марг ба Амрико" ва "Марг ба Исроил" раҳпаймоӣ намуданд. Хабаргузории ИРНО маълумот медиҳад, ки дар саросари Эрон тахминан 5000 гирдиҳамоӣ бо иштироки садҳо ҳазор нафар доир шудааст. Гирдиҳамоии Теҳронро телевизиони давлатӣ мустақиман намоиш дод.
XS
SM
MD
LG