Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гӯшти аспро ба ҷои гӯшти гов истифода бурдаанд


Корхонаи коркарди гӯшт дар шимоли Британия,ки дар ҷанҷоли марбут бо гӯшти асп дар маҳсулоти гӯшти гов нақш доштааст
Корхонаи коркарди гӯшт дар шимоли Британия,ки дар ҷанҷоли марбут бо гӯшти асп дар маҳсулоти гӯшти гов нақш доштааст
Руминия мегӯяд, айбномаи сарчашмаи ҷанҷоли марбут бо гӯшти асп будани ин кишварро тафтиш хоҳад кард. Рӯзи шанбе вазири кишоварзии Руминия Даниэл Констатин гуфт:
Ман талаб кардам, ки дар бораи содироти гӯшти асп гузориш диҳанд ва намехоҳам қабл аз шунидани гузориши раиси идораи санитариву байтории кишвар ба шумо чизе гӯям. Умедворам, ки ин гузориш имрӯз ба ман мерасаду чизи бештаре ба шумо гуфта тавонам. Бовар дорам, ки ба зудӣ содиркунандагон ошкор хоҳанд шуд. Дар ниҳояти амр, ин мушкили назорати маҳсулот дар ин ҷост, ки баъд ба бозорҳои аврупоӣ роҳ ёфтааст.”
Ба қавли Константин агар иттиҳом собит шавад, хилофкорон муҷозот хоҳанд шуд.
Гӯшти асп дар дохили маҳсулоти гӯшти гов дар Фаронса ва Британия ташхис шудааст. Баъди эълони ин хабар ширкати оламии Финдус, ин маҳсулотро аз дуконҳо хориҷ намуд.
XS
SM
MD
LG