Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашни 34-солагии инқилоби исломии Эрон шурӯъ шуд


Дар Эрон таҷлили 34-умин солгарди инқилоби исломӣ шурӯъ шудааст. Инқилоби соли 1979 шоҳи Эронро аз қудрат дур намуда, низоми ҷумҳурии исломиро бунёд намудааст.
Гирдомадагон дар шаҳри Теҳрон бо шиорҳои "Марг ба Амрико" ва "Марг ба Исроил" раҳпаймоӣ намуданд. Хабаргузории ИРНО маълумот медиҳад, ки дар саросари Эрон тахминан 5000 гирдиҳамоӣ бо иштироки садҳо ҳазор нафар доир шудааст. Гирдиҳамоии Теҳронро телевизиони давлатӣ мустақиман намоиш дод.
XS
SM
MD
LG