Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Парвандаи Зардорӣ аз нав тафтиш нахоҳад шуд


Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ

Расонаҳои Покистон гузориш медиҳанд, ки ҳукумати Швейтсария тасмим гирифтааст, тафтиши иттиҳоми дар фасод даст доштани президенти Покистон Осиф Алӣ Зардориро аз сар нагирад.
Дар сӯҳбат бо хабарнигорон мансабдори баландпояи вазорати адлияи Покистон хонум Ясмин Аббосӣ ин хабарро тасдиқ кардааст.
Гуфта мешавад, ки додситонҳои Швейтсария рӯзи шанбе паёме фиристода ҳукумати Покистонро аз ин тасмим огаҳ намудаанд. Моҳи ноябр ҳукумати Покистон дар як номааш тақозо карда буд, ки иттиҳоми Зардорӣ мавриди тафтиш қарор гирад.
Тибқи ин айбнома Зардорӣ аз ҳисобҳои бонкии ҳукумати Покистон дар Швейтсария, ки зери назорати ҳамсараш будаанд, миллионҳо долларро ба яғмо бурдааст. Ба навиштаи расонаҳои Покистон ҳукумати Шветсария мегӯяд, бар пояи қонун вақте, ки барои тафтиши ин қабил қазияҳо ҷудо мешавад, сипарӣ шуд.
Тафтиши айбномаи Зардорӣ дар солҳои навадуми қарни гузашта оғоз ёфта буд. Вале дар соли 2007-ум баъди эълони афв ин қазия мутаваққиф шуд. Дар соли 2009-ум бошад, Додгоҳи олии Покистон аз сар гирифтани тафтиши ин парвандаро талаб намуда, ташаббускори як бӯҳрони сиёсӣ дар ин кишвар шуд.
XS
SM
MD
LG