Пайвандҳои дастрасӣ

«Регар-ТадАЗ» дар рейтинги ҷаҳонии IFFHS - дар мақоми 762-юм


Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода.

Дастаи "Регар-ТадАЗ"-и Турсунзода.

Дастаи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода, қаҳрамони 7-каратаи Тоҷикистон оид ба футбол дар рейтинг ё феҳристи беҳтарин дастаҳои даҳсолаи охир дар мақоми 762-юм ҷой гирифтааст.

Дар ин бора сомонаи Федератсияи байналмилалии таърих ва омори футбол (IFFHS) хабар додааст.

Дар ин феҳрист натоиҷи ба даст овардаи беҳтарин бошгоҳҳои футболи ҷаҳон шурӯъ аз соли 2001-ум инъикос ёфтааст. Бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ» 378 имтиёз дорад.
«Барселона»-и Испания беҳтарин бошгоҳи футболи асри XXI мебошад. «Манчестер Юнайтед»-и Инглистон дар мақоми дувум ва боз як бошгоҳи Испания - «Реал Мадрид» дар мақоми севуманд.
«Шахтёр»-и Донетск беҳтарин бошгоҳ миёни кишварҳои собиқи шӯравӣ буда, дар ҷаҳон дар мақоми 21-ум қарор дорад. «Динамо»-и Киев мақоми 27-ум, ССКА-и Маскав мақоми 56-умро касб кардаанд.

1 - «Барселона» (Испания); 2 - «Манчестер Юнайтед» (Инглистон); 3 - «Реал Мадрид» (Испания); 4 - «Бавария» (Олмон); 5 - «Арсенал» (Инглистон); 6 - «Интер» (Италия); 7 - «Ливерпул» (Инглистон); 8 - «Челси» (Инглистон); 9 - «Милан» (Италия); 10 - «Бока Хуниорс» (Аргентина); 21 - «Шахтёр» (Украина); 27 - «Динамо» (Украина); 56 - ССКА (Русия); 68 - «Зенит» (Русия); 113 - «Локомотив» (Русия); 136 - БАТЭ (Беларус); 171 - «Шериф» (Молдова);

189 - «Пахтакор» (Узбакистон); 216 - Вентспилс (Латвия); 248 - «Экранас» (Литва); 615 - «Карабах» (Озарбойҷон); 622 - «Актобе» (Қазоқистон ); 738 - «Дордой» (Қирғизистон ); 751 - «Балкан» (Туркманистон); 762 – «Регар-ТадАЗ» (Тоҷикистон); 816 - «Тобол» (Қазоқистон ); 875 - «Иртиш» (Қазоқистон ); 903 - «Терек» (Русия).
XS
SM
MD
LG