Пайвандҳои дастрасӣ

Путин: Ҳар ятими рус бояд оилае пайдо кунад


Президенти Русия Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин

Президенти Русия Владимир Путин мегӯяд, ҳар ятими рус бояд аз тарафи оилае ба фарзандӣ пазируфта шавад. Аснои сӯҳбат аз минбари Анҷумани волидони Русия дар шаҳри Маскав Путин гуфт, “мо бояд ҳар кореро, ки аз дастамон меояд, иҷро кунем, то ҳар ятими рус дар Русия оилае пайдо кунад.” Путин афзуд, ки дар оянда ҳангоми қабули қонунҳо дар иртибот бо равобити волидону фарзандон мақомот назари мардумро ба инобат мегиранд. Паёми Путин замоне ироа шудааст, ки манъи фарзандхонии ятимони рус аз тарафи шаҳрвандони Амрико боиси баҳсҳои оташин дар ҷомеаи Русия гардидааст.
XS
SM
MD
LG