Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Гурҷистон се эътирозгар боздошт шуданд


Полиси Гурҷистон дар чорчӯби таҳқиқи нооромиҳои рӯзи ҷумъа се эътирозгарро, ки бо ҳамла ба тарафдорони президент Михеил Саакашвилӣ муттаҳам мешаванд, боздошт намудааст, ин хабарро вазириу мури дохилии Гурҷистон Ираклий Ғарибашвилӣ тасдиқ кард. Рӯзи ҷумъа тахминан 300 нафар имкон надоданд, ки президенти Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ дар бинои китобхонаи миллии Гурҷисътон паёми солонаашрог ироа кунад. Тибқи гузоришҳо аксари эътирозгарон собиқ маҳбусони сиёсӣ буданд, ки баъди пирӯзии эътилофи Орзуи гурҷӣ ва сари қудрат омадани сарвазир Бидзина Иванишвилӣ афв шудаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG