Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бошгоҳи футболи “Истиқлол”-и Душанбе то имрӯз, 9-уми феврал, 7 бозигари навро ба ҳайати даста дохил намудааст.

Ба иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи футболи “Истиқлол” чаҳор нафари даъватшудагон - дарвозабон Никола Стошич (Сербия), ҳимоятгар Роберт Жилин (Русия), ҳамлагарон Юдҷин Сепуйя (Уганда) ва Виллер Соуза Оливейра (Бразилия) легионерҳо мебошанд.

Се нафари дигар аз ин пеш дар бошгоҳҳои футболи лигаи олии Тоҷикистон бозӣ кардаанд, ки инҳоянд: ҳимоятгарон Аҳтам Назаров («Энергетик», Душанбе) ва Наим Улмасов (Вахш», Қӯрғонтеппа), нимҳимоятгар Орзу Додхудоев (ССКА «Помир», Душанбе).

Тими “Истиқлол”, ки соли гузашта бо роҳбарии мутахассиси 37-солаи сербиягӣ Никола Кавазович, сармураббии даста, дар мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии Тоҷикистон мақоми севумро касб карда буд, имсол мақсад дорад, ки ба унвони қаҳрамонӣ мушарраф шавад.

Бинобар ин роҳбарияти бошгоҳ тасмим гирифт, ки ҳайати дастаро пурқувват кунад. Инчунин бо якчанд бозигари даста, ба мисли ҳимоятгар Руслан Рафиков, нимҳимоятгарон Александр Франк ва Маҳмадалӣ Содиқов, ҳамлагар Юсуф Рабиев мӯҳлати шартнома тамдид нашуд.

Дар ҳайати мураббиёни даста низ баъзе тағйирот ба амал омадааст. Ба даста мутахассиси 35-солаи сербиягӣ Никола Лазаревич ба ҳайси мураббии тарбияти баданӣ ба кор шурӯъ кард.

Ёдовар мешавем, ки Мубин Эргашев, мураббии калони дастаи «Истиқлол», чанд рӯз пеш сармураббии бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд таъин шуд. Вай дар ин вазифа Ҷамшед Акбаровро иваз намуд.

Мубин Эргашеви 39-сола ҳамзамон ёвари Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон ва, инчунин, сармураббии тими мунтахаби ҷавонони кишвар мебошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG