Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Задухӯрди пайравони Гуру бо полиси Кашмир


Рӯзи шанбе мақомоти Ҳиндустон ҷангҷӯи кашмирӣ Муҳаммад Афзал Гуруро эъдом намуданд. Баъд аз ин амал дар Кашмир бархӯрдҳо ба қайд гирифта шуданд. Соли 2002-ум додгоҳ Гуруро бо тарҳрезии ҳамлаи соли 2001-ум болои парламенти Ҳиндустон муҷрим дониста, ҳукм баровард, ки ӯ ба дор овехта шавад. 5 масъули ҳамла дар соли 2011-ум кушта шуда буданд. Ҳафтаи равон президенти Ҳиндустон аризаи афви Гуруро рад карда буд. Ҳомиёни ҳуқуқ ва тарафдорони Гуру мегӯянд, ки додгоҳ одилона набуд. Дар Кашмир вазъи фавқулода ва куйуди шабгардӣ ҷорӣ мебошад, вале баъди эълони эъдоми Гуру садҳо пайрави ӯ бо афсарони амниятву полис задухӯрд намуданд. Полис бо гази ашковар эътирозгаронро пароканда кард.
XS
SM
MD
LG