Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истирдоди боздоштшудагони амалиёти зидди ифротгароӣ ба Тоҷикистон


Мақомоти Русия панҷ муҳоҷири тоҷикро, ки дар амалиёти зидди ифротгароӣ дар Санкт Петербург боздошт шуда буданд, ба Тоҷикистон фиристодаанд.

Тибқи гузориши хабаргузории "Интерфакс", муҳоҷирони ғайриқонуние, ки дар амалиёти зидди ифротгароӣ дар шаҳри Санкт Петербург боздошт шудаанд, ба ватанҳояшон истирдод мешаванд.

Идораи Хадамоти федералии амнияти Русия дар Санкт Петербург гуфтааст, ки рӯзи шанбе 5 шаҳрванди Тоҷикистон ва рӯзи якшанбе якчанд шаҳрванди Озарбойҷон ба ватанҳояшон фиристода шуданд. Ҳамин манбаъ афзудааст, ки ба ҳамин зудиҳо гурӯҳе аз шаҳрвандони Узбакистон ҳам ба ватанашон истирдод мешаванд.

Рӯзи ҷумъа дар рафти амалиёти зидди ифротгароӣ камаш 271 шаҳрванди Озарбойҷон, Тоҷикистон, Миср, Афғонистон, Узбакистон ва шуморе аз шаҳрвандони Русия боздошт шуданд. То кунун масъалаи ҳабси фақат яке аз боздоштшудаҳо-шаҳрванди Русия ва зодаи ҷумҳурии Кабардину Балқари ин кишвар Мурод Сарбашев, мавриди баҳс қарор дорад. Сарнавишти 20 каси дигарро хадамоти федералии муҳоҷирати Русия ҳал хоҳад кард. Ба қавли "Интерфакс" муҳоҷирони боқимонда раҳо шудаанд.

Дар амалиёти зидди ифротгароӣ дар Санкт Петербург шуморе аз шаҳрвандони Тоҷикистон ҳам боздошт шудаанд. Дар Санкт Петербурги Русия дар чорчӯби мубориза бо ифротгароӣ муҳоҷирони хориҷиро дастгир намудаанд.

Кумитаи тафтишоти шаҳри Санкт Петербург ва вилояти Ленингради Русия хабар медиҳад, ки шоми ҷумъа дар чорчӯби амалиёти зидди экстремизм 271 нафар дастгир шудаанд, ки дар байни онҳо хориҷиён низ ҳастанд.

Тибқи иттилои Кумитаи тафтишот амалиёт бар пояи даъватҳои оммавӣ ба хотири ташвиқи терроризм, кӯшиши сафед намудани терроризм, даъват ба душманӣ ва таҳқири шаъни инсон раҳандозӣ шудааст.

Дар ин амалиёт шаҳрванди 23-солаи Русия, зодаи ҷумҳурии Карбардину Балқар Мурод Сарбашев боздошт шудааст, ки бидуни сабти ном дар Санкт Петербург зиндагӣ мекардааст. Муфаттишон ӯро бо ҷой додани маводи ифротӣ ва тарғиби терроризму ифротгароӣ дар интернет муттаҳам мекунанд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи панҷшанбе ниҳодҳои муҳоҷирати Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Маскав созиши ҳамкориро ба имзо расониданд, ки бар пояи он шаҳрвандони Тоҷикистон ҳангоми сафар ба Русия метавонанд дар зарфи 15 рӯз худро дар ниҳодҳои марбутаи ин кишвар сабти ном кунанд. Айни замон мӯҳлати сабти номи шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия як ҳафта муқаррар шудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG