Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Режими Асад ба музокироти бе пешшарт омода шудааст


Ҳукумати Сурия мегӯяд, бо ҳадафи қатъи низои 22 моҳа ба музокироти бидуни пешшарт бо мухолифин омодааст. Вазири иттилооти Сурия Умрон Зуғбӣ шоми ҷумъа дар ин бора ба телевизиони давлатии Сурия хабар додааст. Рӯзи 30-уми январ раҳбари Эътилофи миллии нерӯҳои инқилобӣ ва мухолифини Сурия шарт гузошт, ки то рӯзи якшанбеи 10-уми феврал 160 ҳазор маҳбус ва аз ҷумла тамоми занони зиндонӣ озод шаванд. Ӯ афзуд, ки баъд аз он эътилофи мухолифини ба музокирот бо ҳукумати Сурия ҳозир хоҳад шуд. Сарфи назар аз пешниҳоди музокирот дар саросари Сурия бархӯрдҳо миёни нерӯҳои режими Сурия ва мухолифин идома доранду тибқи хабарҳои расида, шабонарӯзи гузашта дар канораҳои пойтахти Сурия ва вилоятҳои шимолии ин кишвар нерӯҳои давлатӣ даҳҳо нафар аз мухолифини ҳукуматро ба ҳалокат расондаанд.
XS
SM
MD
LG