Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафири ИМА ҷонибҳои гурҷиро ба оромӣ даъват кард


Ричард Норланд-сафири ИМА дар Гурҷистон
Ричард Норланд-сафири ИМА дар Гурҷистон
Баъди ҳамлаи эътирозгарон болои масъулони ҳизби раҳбари ин кишвар Михеил Саакашвилӣ сафири ИМА дар Гурҷистон ба ҳифзи оромӣ даъват кард. Шоми ҷумъа дар пойтахти Гурҷистон сафир Ричард Норланд аз эътирозгарон хост, ки назму суботро халалдор накунанд. Рӯзи ҷумъа эътирозгарон дар назди китобхонаи миллии Гурҷистон ба масъулони ҳизби Ҷунбиши муттаҳидаи миллӣ ҳамла карданд. Аслан рӯзи ҷумъа президент Саакашвилӣ мебоист дар бинои парламент паёми солонаашро ироа намояд, вале ин маросим лағв шуд. Пайравони сарвазири Гурҷистон Бидзина Иванишвилӣ талаб карданд, ки қабл аз тақдими паёми солона Саакашвилӣ бояд ислоҳоти қонунӣ дар бораи аз байн бурдани салоҳиятҳояшро бипазирад. Баъд аз он Саакашвилӣ тасмим гирифт, ки паёмашро дар бинои китобхона пешкаш кунад, вале баъди ҳамлаи эътирозгарон болои пайравони президенти Гурҷистон паём дар китобхона ҳам ироа нашуд. Билохира, Саакашвилӣ паёми солонаашро дар қасри президентӣ ироа намуда, эътилофи Иванишвилиро ба ҳамзистиву ҳамкорӣ даъват кард. Даври раёсатҷумҳурии Саакашвилӣ дар моҳи октябр ба поён мерасад.
XS
SM
MD
LG