Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати занон дар "қофилаҳои ҳероин" камтар шудааст


Мақомот тоҷик мегӯянд, мушорикати занон дар ҷиноятҳои вобаста ба қочоқи маводи мухаддир дар соли 2012, коҳиш ёфтааст.

Хабаргузориҳои расмии Тоҷикистон бо такя ба омори Оҷонсии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон менависанд, ки соли гузашта дар кишвар 946 нафар дар ин робита боздошт шудаанд, ки 33 нафар онҳо занон мебошанд. Дар ҳоле, ки соли 2011 дар кишвар шаст зан барои ҷиноятҳои вобаста ба маводи мухаддир ҳабс шудаанд.

Ба гуфтаи мақомот, занҳо дар қочоқи маводи мухаддир умдатан ба ҳайси интиқолдиҳанда иштирок мекунанд, на ҳамчун саркардаву раҳбарони гурӯҳҳои муташаккили қочоқбар. Онҳо ҳамчун «контейнер» истифода мешаванд ва одатан бо ҳероин дар ҷайб ё баданашон дар фурудгоҳ ба даст меафтанд.

Аммо ба назари коршиносон, мушкили аслии даст задани занҳо ба қочоқи маводи мухаддир, иҷтимоӣ аст. Зеро агар мардҳо ба мақсади зуд соҳиби пули калон шудану таъмини рӯзгор ва бархе ҳам ба хотири кайфу сафо бо пулҳои бедардимиён ба қочоқи маводи мухаддир машғул шаванд, занҳо аз ночорӣ ба ин роҳи хатарнок ворид мешаванд. Гурӯҳҳои қочоқбар ҳам дар навбати худ ҳамин гуна занҳои танҳову қашшоқ ва осебпазирро ҷустуҷӯ мекунанд.

Тайи соли 2012 дар Тоҷикистон қариб 6 тонна маводи мухаддир гирифтаанд, ки 515 килояш ҳероин, 630 килояш афюн ва 4,8 тоннааш маводи мухаддири гурӯҳи канабис будааст. Бино ба гузориши Оҷонси зидди маводи мухаддири Тоҷикистон, маводи мусодирашуда назар ба соли 2011 41,1 фоиз бештар аст.

Тайи як соли охир бо иттиҳоми даст доштан дар қочоқи маводи мухаддир 946 нафар, аз ҷумла 33 зан ва 28 хориҷӣ, дастгир шудаанд. Дар соли 2012 дар хориҷ 297 шаҳрванди тоҷик, аз ҷумла 274 нафараш дар Русия бо айни иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба даст афтодаанд.
XS
SM
MD
LG