Пайвандҳои дастрасӣ

ISAF гузориш дар бораи талафоти кӯдакони афғонро рад кард


Нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон гузориши Кумитаи ҳуқуқи кӯдакони СММ-ро, ки мегӯяд, нирӯҳои Амрико дар 4 соли охир дар Афғонистон садҳо кӯдакро куштаанд, рад мекунанд.

Ҷеймс Грейбел, сухангӯи нирӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон (ISAF) дар сӯҳбат бо "Озодӣ" ин нигарониҳоро “қатъиян бебунёд” номид.

Ӯ иддаои ин гузориш дар бораи аз нирӯи беш аз ҳадд истифода бурдани нирӯҳои Амрико дар амалиётҳоро низ безамина хонд. Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ мегӯяд, талафот асосан аз ҳисоби “камбуди тадобири эҳтиётӣ ва истифодаи беш аз ҳадди нирӯ” будааст.

Дар гузориши Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ мақараш дар Женева гуфта шудааст, ки дар чаҳор соли гузашта 110 кӯдаки афғон дар ҳамлаҳои ҳавоии нерӯҳои НАТО кушта шуда ва наздик ба ҳафтод кӯдаки дигар захмӣ шуданд.

Сухангӯи нерӯҳои байналмилалии кӯмак ба амнияти Афғонистон гуфтааст, ки бар хилофи ин гузориш, дар соли гузашта 40 дарсади аз шумори талафоти кӯдакон коста шуд ва мутобиқи гузоришҳои Дафтари СММ дар Кобул, аксари талафоти ғайринизомиён дар амалиёти мухолифони давлат будааст.

Ҷеймс Грейбел, сухангӯи нирӯҳои байналмилалии кумак ба амнияти Афғонистон ҳамчунон гуфтааст, нерӯҳои ISAF, ки бештари онро нерӯҳои амрикоӣ ташкил медиҳанд, дар соли 2012 дар муқоиса ба соли 2011 талафоти ғайринизомиёнро 49 дарсад коҳиш додаанд. Ба гуфтаи вай, шумораи кӯдаконе, ки бар асари ҳамлаҳои ҳавоӣ дар соли 2012 дар Афғонистон кушта ва захмӣ шудаанд, нисбат ба соли 2011 чиҳил дарсад коҳиш ёфтааст.

Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакони СММ дар ин гузориш тақозо кардааст, ки Амрико ба хонаводаҳои кӯдакони осебдида кӯмак намояд ва ба онҳо хунбаҳо бипардозад.

СММ сиёсатҳоеро, ки ба ҳаёти атфол таъсир мерасонанд, дар ҳар 4 сол бозрасӣ мекунад. Гузориши кунунии Кумитаи дифоъ аз ҳуқуқи кӯдакони СММ дар ҳоле нашр мешавад, ки дар Вошингтон дар мавриди истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин гуфтугӯҳои ҷиддӣ оғоз шудааст.
XS
SM
MD
LG