Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳушдори Ҷон Керрӣ ба Эрон қабл аз музокирот


Вазири хориҷаи Амрико Ҷон Керрӣ Эронро ҳушдор дод, ки бо тайёрӣ ба муомилаи ҷиддӣ бо қудратҳои ҷаҳонӣ ба музокироти барномаи ҳастаияш биояд. Керрӣ гуфт, Эрон медонад, ки барои собит кардани иддаояш ба табиати осоиштаи ин барномаҳояш бояд чӣ кор кунад. Керрӣ гуфт, интихоб пурра дар дасти Эрон аст ва агар кори лозимро кунад, ҷомиаи ҷаҳонӣ барои посухи мусбат омода ҳаст, вагарна ба инзивоъи бештар рӯбарӯ хоҳад шуд. Даври нави музокироти Эрон бо 5 узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ва Олмон рӯзи 26 феврал дар Қазоқистон доир хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG