Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳарутюниён номзадиашро пас кашид


Арам Ҳарутюниён
Арам Ҳарутюниён
Куммиссиюни марказии интихоботи Арманистон дархости лағви номзадии раҳбари ҳизби оштии миллӣ Арам Ҳарутюниёнро пазируфт. Бо бозхонди номзадии ӯ дар охирин рӯзе, ки номзадҳо метавонанд аз корзор хориҷ шаванд, барои ширкат дар интихоботи рӯзи 18 феврали раёсатҷумҳурии Арманистон танҳо 7 номзад монд. Номзади дигар Паруйр Ҳайрикиён аз ҳизби худшиносии миллӣ, ки рӯзи 31 январ дар як сӯъиқасд дар Ереван тир хӯрд, гуфтааст, шояд таъхири раъйгириро тақозо кунад. Хадамоти амнияти миллӣ гуфт, бо вуҷуди боздошти 2 гумонбар, ҳадафи ҳамла ба Ҳайрикиён норӯшан боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG