Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ISAF куштани садҳо кӯдаки афғонро бепоя номид


Нирӯҳои байналмилалӣ дар Афғонистон гузориши Кумитаи СММ-ро, ки мегӯяд, нирӯҳои Амрико дар 4 соли охир дар Афғонистон садҳо кӯдакро куштаанд, радд мекунанд. Ҷеймс Грейбел, сухангӯи нирӯҳои байналмилалии кумак ба амнияти Афғонистон(ISAF) дар сӯҳбат бо Озодӣ ин нигарониҳоро “қатъиян бебунёд” номид. Ӯ иддаои ин гузориш дар бораи аз нирӯи беш аз ҳадд истифода бурдани нирӯҳои Амрико дар амалиётҳоро низ безамина хонд. Кумитаи ҳуқуқи кӯдаки СММ мегӯяд, талафот асосан аз ҳисоби “камбуди тадобири эҳтиётӣ ва истифодаи беш аз ҳадди нирӯ” будааст. СММ сиёсатҳоеро, ки ба ҳаёти атфол таъсир мерасонанд, дар ҳар 4 сол бозрасӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG