Пайвандҳои дастрасӣ

Паёми пур аз таъхири Саакашвилӣ


Шаҳрдори Тифлис Гигӣ Угулава дар "чанг"-и тазоҳургарон

Шаҳрдори Тифлис Гигӣ Угулава дар "чанг"-и тазоҳургарон

Издиҳоми башӯромада рӯзи ҷумъа ба раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ имкон надод, ки паёми солонаашро аз толори Китобхонаи миллӣ ироа кунад. Саакашвилӣ мехост субҳи ҷумъа дар Китобхонаи миллӣ суханронӣ кунад, вале ҳудуди 200 тазоҳургар, бо шумули маҳбусони сиёсии собиқ, даромадгоҳи биноро бастанд ва ӯ маҷбур шуд, шоми ҷумъа ва он ҳам аз қасри раёсатҷумҳурӣ бо ин охрин паёми солонааш ба ҳайси раисиҷумҳури Гурҷистон ба мардум муроҷиат кунад.

Саакашвилӣ дар паёмаш гуфт, бо парлумоне, ки таҳти назорати рақиби ӯ – сарвазир Бидзина Иванишвилӣ қарор дорад, ихтилофи ҷиддии назар дорад. Саакашвилӣ гуфт, ҳукумат мехоҳад парлумонро аз Кутаисӣ ба Тифлис баргардонда, таҳти назорати муассир бигирад, вале ӯ қатъиян ба кӯчондани парлумон мухолиф аст.

Мояи дигари ихтилофи ӯ бо рақибонаш дар парлумон, ба гуфтаи Саакашвилӣ, шеваи интихоби раиси ин ҷумҳурист: “Чизи дувуме, ки мо - ақалияти парлумонӣ ва ман, ҳамчун раисиҷумҳур, розӣ нестем, ташаббуси нав барои лағви интихоботи мустақими раёсатҷумҳурии Гурҷистон аст. “

Дар саҳнаи Китобхонаи миллӣ байни тарафдорони Саакашвилӣ ва эътирозгарон занозаниҳо ҳам сурат гирифт, чунки мухолифин монеъи вуруди аъзои ҳизби раисиҷумҳур ба толори Китобхона шуданд.


Ираклӣ Ғарибашвилӣ

Ираклӣ Ғарибашвилӣ

Вазири умури дохилаи Гурҷистон Ираклӣ Ғарибашвилӣ дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сабаби хушунатҳоро чунин шарҳ дод: “Мо ба таври рӯшан дидем, ки мухолифони сиёсии мо, дақиқтараш, аъзои Ҷунбиши миллии Саакашвилӣ маҳз аз ҷонибе расиданд, ки издиҳоми мардум ҷамъ шуда буд. Яъне онҳо аз коридорҳое, ки пулис ташкил карда буд, истифода набурданд. Мо барои чунин гумон, ки онҳо дониста сабаби ин иғво шуданд, асос дорем.”

Тазоҳургарон мегуфтанд, ки мехостанд барои раисиҷумҳур дар роҳи вурудаш ба толори Китобхонаи миллӣ як “коридори расвоӣ” дуруст кунанд. Бархеи дигар мегуфтанд, “то замоне ки ба ин суоли худ ки чаро онҳоро ғайриқонунӣ боздошт ва зиндонӣ карданд, посух нагиранд, ба президент имкони вуруд ба биноро нахоҳанд дод.”

Хабарнигор Заза Давитая, ки аз мунтақидони Саакашвилист, дар саҳни ҳавлии Китобхонаи миллӣ ба хабарнигорон гуфт: “Ин нафар, ки худро раисиҷумҳур меномад ва мехоҳад бо ҳамин мақом ба мардум муроҷиат кунад, нафақат аз 20 январ, балки аз ҳамон соли 2008, ки қудратро тавассути интихоботи тақаллубӣ ғасб кард, дигар раисиҷумҳур нест.”

Давраи кунунии раёсати Саакашвилӣ расман дар моҳи октябр ба поён мерасад ва ӯ дигар ҳаққи ширкат дар интихоботро надорад. Вале мунтақидони ӯ мегӯянд, ӯ дар соли 2008 барои 4 сол интихоб шуда буд, на барои 5 сол, ки баъдан ба Қонуни асосӣ илҳоқ шуд ва ба ин далел, замони раёсати ӯ бояд дар 20 январ ба поён меомад.

Паёми солонаи раисиҷумҳури Гурҷистон маъмулан дар парлумон ироа мешавад, вале вакилони парлумон рӯзи панҷшанбе замони ироаи паёми Саакашвилиро ба муддати номуайян ақиб андохтанд ва ӯ тасмим гирифт, ки дар баробари вакилон суханронӣ накунад.


Издиҳом дар назди Китобхонаи миллӣ

Издиҳом дар назди Китобхонаи миллӣ

Раиси парлумон Давид Усупашвилӣ рӯзи панҷшанбе ба хабарнигорон гуфт, ироаи паёми президент ба далели идомаи баҳси тағйирот ба Қонуни асосӣ ба таъхир гузошта шуд. Ин тағйирот ҳаққи раисиҷумҳур ба мунҳал кардани ҳукумат бидуни тасвиби парлумонро маҳдуд мекунад.

Аксари курсиҳои парлумони кунунии Гурҷистон дар дасти намояндагони эътилофи Орзуи гурҷии миллиардер Бидзина Иванишвилӣ қарор дорад. Аммо Саакашвилӣ дар паёмаш гуфт, ягон навъ қасди мунҳал кардани парлумони кунуниро ва он ҳам дар ҳамагӣ чанд моҳи боқимонда то интихобот надорад.

Буҳрони ахир танишҳои сиёсӣ дар Гурҷистон дар пайи шикасти Ҷунбиши миллии Саакашвилӣ дар интихоботи парлумонии моҳи октябрро бармало мекунад. Баъди он интихобот мақоми сарвазирӣ ба рақиби Саакашвилӣ – Иванишвилӣ расид, ки бо Саакашвилӣ чандон ҳусни ҳамзистӣ нишон намедиҳад.
XS
SM
MD
LG