Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Малола Юсуфзайро аз бемористон ҷавоб доданд


Малола Юсуфзай дар бемористони малика Элизабети Бирмингем
Малола Юсуфзай дар бемористони малика Элизабети Бирмингем
Малола Юсуфзайро рӯзи панҷшанбе, 5 рӯз баъд аз ду ҷарроҳии рӯяш аз бемористон ҷавоб додаанд. Бемористони малика Элизабети Бирмингем гуфт, табобати Малола акнун дар манзили муваққати хонаводаи ӯ дар ин шаҳр давом хоҳад ёфт. Ин духтари фаъоли 15-соларо ҷангиён моҳи октябр дар роҳи бозгашт аз мактаб дар водии ошӯбзадаи Своти Покистон парронданд. Ӯ барои таблиғи таҳсили духтарон ва блогнависиаш дар бораи бераҳмиҳои Толибон дар соли 2009 ҳадафи ҳамла қарор гирифт.
XS
SM
MD
LG