Пайвандҳои дастрасӣ

Саакашвилӣ паёмашро аз Кохи раёсатҷумҳурӣ хонд


Тазоҳургарон ҳатто ба шаҳрдори Тифлис Гигӣ Угулава "раҳм" накарданд

Тазоҳургарон ҳатто ба шаҳрдори Тифлис Гигӣ Угулава "раҳм" накарданд

Ироаи паёми солонаи раисиҷумҳури Гурҷистон Михеил Саакашвилӣ ба иллати бастани даромадгоҳи Китобхонаи миллӣ аз сӯи садҳо мухолифаш барои чанд соат ба таъхир уфтод. Ӯ дар паёмаш гуфт, рақиби ӯ сарвазир Бидзина Иванишвилӣ мехоҳад ба хотири назорати муассир парлумонро аз Кутаисӣ ба пойтахт, Тифлис, баргардонад. Саакашвилӣ мехост паёмашро субҳи ҷумъа дар Китобхонаи миллӣ ироа кунад, вале дар ниҳоят аз қароргоҳаш хонд. Тазоҳургарон дар назди китобхона, бо шумули маҳбусони собиқи сиёсӣ, бо тарафдорони Саакашвилӣ занозанӣ ҳам кардаанд. Паёми солонаи раисиҷумҳури Гурҷистон маъмулан аз минбари парлумон пахш мешуд, вале парлумон рӯзи панҷшанбе замони ироаи нутқи Саакашвилиро ба таъхир андохт ва ӯ тасмим гирифт, ки дар парлумон суханронӣ накунад. Аксарияти курсиҳои парлумон дар дасти эътилофи Орзуи гурҷии рақиби Саакашвилӣ – сарвазири кунунии Гурҷистон Бидзина Иванишвилист.
XS
SM
MD
LG