Пайвандҳои дастрасӣ

Ризоияти Душанбе аз ҳукми боздошти Абдуллоҷонов


А.Абдуллоҷонов дар додгоҳи Бориспол. 7.02.2013

А.Абдуллоҷонов дар додгоҳи Бориспол. 7.02.2013

Мақомоти додситонии кулли Тоҷикистон ба ИТАР-ТАСС гуфтаанд, аз судури ҳукми боздошти сарвазири собиқи ин кишвар Абдумалик Абдуллоҷонов аз сӯи додгоҳи Украина розианд ва мунтазиранд, ки иттилоъи расмӣ аз Киев кай хоҳад расид. Аммо вакили мудофеъи Абуллоҷонов Андрей Федур ба ББС гуфтааст, муваккилаш дар Амрико мақоми паноҳандагӣ дорад, ки ин истирдоди ӯ аз Украинаро манъ мекунад. Абдуллоҷонови 64-сола, ки аз соли 1997 аз сӯи Интерпол ҷустуҷӯ мешуд, рӯзи 5 феврал дар фурудгоҳи Бориспол боздошт шуд. Дар Тоҷикистон ӯро ба ҷиноёти сангине, чун терроризм, сирқат, диверсия, ғасби базӯрии қудрат ва бандитизм айбдор мекунанд. Абдуллоҷонов дар интихоботи соли 1994 номзад ба президентии Тоҷикистон буд ва баъди эълони пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон тарки кишвар кард.
XS
SM
MD
LG