Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Кокули Фархор ду қочоқбар кушта шуд


Дар як даргирӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон ду нафар кушта шудаанд. Мақомоти марзбонии Тоҷикистон мегӯянд, дар натиҷаи задухӯрд дар минтақаи Кокули ноҳияи марзии Фархор “ду қочоқбари афғон куштаву дуи дигар захмӣ шудаанд ва як шаҳрванди афғонро боздошт кардаанд.” Ба гуфтаи ин манобеъ, аз маҳалли даргирӣ 2,6 кило ҳероин, 8 кило афюн ва як туфангчаи Макаров мусодира шудааст.
Ин севумин задухӯрди мусаллаҳона дар марзи 1344-километрии Тоҷикистону Афғонистон дар як ҳафтаи охир буда, марзбонони тоҷик мегӯянд, дар ин даргириҳо дар маҷмӯъ 4 қочоқбарро ба ҳалокат расондаанд. Тоҷикистон яке аз масирҳои қочоқи маводи мухаддири афғонӣ ба Русияву Аврупо ба шумор меравад.
XS
SM
MD
LG