Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пажӯҳиш: "Тағйирёбии иқлим боиси афзоиши бемориҳо шудааст"


Нишасти муштараки Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Нишасти муштараки Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон.

Як пажӯҳиши муштараки Созмони ҷаҳонии беҳдошт ва вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, ки тағйирёбии иқлим боиси афзоиши бемориҳои сироятӣ шудааст.

Агар чанд сол пеш баёнияҳои марбут ба тағйири ҷаҳонии иқлим сокинони Тоҷикистонро ба лабханд водор мекард, акнун теъдоди ҳарчӣ бештари онҳо бовар мекунанд, ки гармоиши дунё падидаи дур аз кишвари онҳо нест. Ба ҳамин сабаб, ҳушдори олимон, ки то соли 2050 дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво наздики 3 дараҷа боло меравад, дафъатан дар ҷомеа акси садо пайдо мекунад.

Сокинони Душанбе мегӯянд, дар қиёс бо солҳои пеш ҳаво гармтар ва рӯзҳои боронӣ дар кишвар камтар шудаанд. Фирӯза Салимова, як мусоҳиби мо, ки омӯзгор аст, мегӯяд, ин дигаргуниҳо мумкин аст паёмадҳои ногуворе барои мардум ва кишвар дошта бошанд: «Қонуни табиат чунин аст, ки бояд дар фасли зимистон барф ва дар баҳор борон борад. Аммо кам боридани барф барои мо аллакай як чизи муқарарӣ шудааст.Тарси ман бештар аз он аст, ки офатҳои табиӣ зиёд нашавад. Дигар ин, ки бо каме иваз шудани ҳаво, ҳар касеро напурсед, ё аз дарди дил шикоят мекунанд, ё аз баланд шудани фишори хун.»

Таъсири тағйири иқлимро ба саломатии одамон Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт ва Вазорати тандурустии Тоҷикистон пажӯҳиш кардаанд. Онҳо ба натиҷае расидаанд, ки мизони бемориҳои сироятӣ афзоиш ёфта, фавти одамон аз фишори баланди хун ва маризии қалб зиёда аз 10 дарсад бештар шудааст.

Пирназар Шодмонов

Пирназар Шодмонов

Пирназар Шодмонов, як масъули Хадамоти назорати санитарӣ эпидемиологии вазорати беҳдоштии Тоҷикистон, ки дар ин пажӯҳиш ширкат кардааст, гуфт, «баҳодиҳии осебпазирии аҳолии Тоҷикистон нишон дод, ки дар натиҷаи тағйирёбии иқлим, маризиҳои сироятии тариқи об гузаранда, аз қабили домана, дарунрав ва ҳепотит зиёд шудааст. Яъне вақте, ки ҳарорати ҳаво баланд мешавад, он ба зиёд шудани ҳарорати об боис мегардад. Ва ин ҳолат барои афзоиши микроорганизмҳо дар об мусоидат мекунад. Истеъмоли чунин оби тозанашуда, теъдоди маризиҳо ва беморонро афзоиш медиҳад.»

Ҷаноби Шодмонов, афзуд, гармоиш ва ифлосшавии об эҳтимоли хуруҷи бемориҳои шадиди рӯдаву меъдаро низ ба миён овардааст. Ин дар ҳолест, ки тӯли чанд соли охир сатҳи ин бемориҳо дар Тоҷикистон дар муқоиса ба кишварҳои Аврупо 10 маротиба бештар будааст.

Саидэҳсон Раҷабов, як донишҷӯи тоҷик аз он шикоят мекунад, ки дар ин авохир зуд-зуд ба бемориҳои мухталиф мепечад. Вай мегӯяд, «вақте ба духтурон муроҷиат мекунам мегӯянд, ки ин ҳама айби иқлим аст, ки тағйир ёфтааст. Дигар ин ки аз ҳад зиёд эҳсоси хастагӣ мекунам, ҳарчанд кори зиёд накардаам.»

Гуфта мешавад, тағирёбии иқлим ба бахши кишоварзӣ низ таъсири худро расонида, ба талаф шудани сеяки маҳсулоти нохолиси миллӣ сабаб гаштааст. Дар чанд соли охир Тоҷикистон тавонистааст талаботи мардумро ба маҳсулоти ширӣ ҳамагӣ 30-фойиз ва ба маҳсулоти гуштӣ наздики 25 дарсад қонеъ кунад. Камбуди ғизои хуб дар навбати хуб боз роҳро барои заъфи саломатӣ боз мекунад.

Қурбонгул Фозилбекова, як сокини пойтахт бо ишора ба нархи гарони гӯшту шир дар бозорҳои пойтахт мегӯяд, «шумо тасаввур кунед дар кадом давру замон 1 литр шир 5 сомонӣ ва як кило гӯшт 35- 36 сомонӣ будааст? Мо мардуми бечора ки якамонро ба зӯр ду мекунем, аз куҷо шароите дорем, ки бо чунин нарх гӯшту шир харидорӣ кунем? Мо маҷбур мешавем, ки гӯшту мурғҳои яхкардашударо, ки аз дигар кишварҳо меоранд ва нархашон нисбатан арзон аст бихарем, ҳарчанд эҳтимол дорад, барои вайрон нашудани чунин гӯштҳо маводҳои кимиёвӣ илова шуда бошад. Аммо дигар илоҷ нест .»

Ба ақидаи мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт, Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар эҷоди омилҳои тағйири иқлим саҳми камтаре дорад, аммо дар иваз зиёни бештар хоҳад дид. Онҳо мегӯянд, номӯътадил будани ҳарорати ҳаво ба захираҳои обии Тоҷикистон асари манфӣ гузоштааст. Аз ҷумла, то кунун 30 дарсади пиряхҳо об гашта, ҳазорҳо намуди онҳо аз байн рафтаанд

Абдулҳамид Қаюмов

Абдулҳамид Қаюмов

Абдулҳамид Қаюмов, як масъули лоиҳаи «Тағйирёбии муҳити зисти Тоҷикистон» дигаргуниҳоеро, ки дар 60 соли охир дар иқлими Тоҷикистон рӯй додаанд, ин гуна тасвир мекунад: «Яъне гармӣ ва ё хунукии аз ҳад зиёд миқдоран боришҳоро зиёд, аммо давомнокии онҳоро камтар кардааст, ки ин мунҷар ба хушксолӣ мешавад. Созмонҳои байналмилалӣ муайян кардаанд, ки таъсири тағйирёбии иқлим ба давлатҳои дар ҳоли рушд бинобар он, ки имконияти мутобиқшавияшон заиф аст, бештар мебошад. Бинобар ин, аз нигоҳи онҳо Тоҷикистон яке аз кишварҳои таъсирпазир боқӣ мемонад.»

Бо назардошти натиҷаҳои ин пажӯҳиш, барои коҳиши таъсири тағйири иқлим дар Тоҷикистон Стратегияи миллӣ барои солҳои 2011- 2020 таҳия шудааст. Ин санад пеш аз ҳама ба ҳифзи саломатии мардум, рушди маърифати экологии онҳо ва пешгирӣ аз офатҳои табиӣ дахл мекунад. Ин ҳам дар ҳолест, ки гуфта мешавад аксари кормандони тиб дар Тоҷикистон аз таъсири тағйири иқлим ба саломатӣ ва тарзи расонидани кӯмак ба афроди осебдида ба ҳангоми офатҳои табиӣ, огаҳ нестанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG