Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи қатли А. Назаров дар Хоруғ баррасӣ мешавад


Раиси додгоҳи Бадахшон Шомусаллам Саидмусалламов гуфт, ки парвандаи куштори генерал Абдулло Назаров, собиқ сардори раёсати КДАМ дар Бадахшон, ба Додгоҳи олӣ ироа шуда, барррасии он дар нимаи дуввуми моҳи феврал дар Хоруғ шуруъ мешавад.

Барои баррасии парванда додгустар, машваратчиёни халқӣ ва айбдоркунандаи давлатӣ аз Душанбе ба Хоруғ меоянд. Қаблан додситони Бадахшон Муҳаммад Арбобов дар робита бо парвандаи куштори парвандаи Абдулло Назаров баён карда буд, ки нисбати ду нафар сокини Хоруғ Оқил Аёмбеков ва Ҳамза Муродов аз руйи моддаи "одамкушӣ", айб эълон шудааст.

Абдулло Назаров шоми 21-уми июл ҳангоме, ки аз ноҳияи Ишкошим бармегашт дар наздикии Хоруғ аз ҷониби афооди номаълум кушта шуд. Ба дунболи ин ҳодиса, субҳи 24-уми июл дар Хоруғ амалиёти мақомоти қудратӣ шуруъ шуд, ки аз ҳар ду тараф зери 70 кушта бар ҷой гузошт.
XS
SM
MD
LG