Пайвандҳои дастрасӣ

Кишварҳои исломӣ хостори гуфтугӯ барои интиқоли қудрат дар Сурия шуданд


Кишварҳои исломӣ рӯзи панҷшанбе дар Қоҳира, давлат ва мухолифони Сурияро ба гуфтугӯи ҷиддӣ барои интиқоли осоиштаи қудрат ва поёни ҷанги дохилӣ дар ин кишвар, даъват карданд.

Ба гузориши хабаргузории Ройтерз, Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури Миср изҳор дошт, ки дар баёнияи поёнии нишасти сарони 57 кишвари узви Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ омадааст, ин кишварҳо тарҳи «Гурӯҳи тамос» барои миёнҷигарӣ дар музокироти миёни давлат ва мухолифони Сурияро таъйид мекунанд.

Нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Қоҳира.

Нишасти сарони кишварҳои исломӣ дар Қоҳира.

Гуруҳи тамоси минтақавӣ барои ҳаллу фасли бӯҳрони Сурияро Миср, Эрон, Туркия ва Арабистони Саудӣ ташкил медиҳанд. Ин гуруҳ бо пешниҳоди Мурсӣ ташкил шудааст. Акмалиддин Эҳсоноғлу, дабири кулли Созмони ҳамкориҳои исломӣ гуфтааст, ки тарҳи «Гуруҳи тамос» ба якпорчагии Сурия ва гуфтугӯи фарогир миёни тамоми гуруҳҳои ҷомеаи ин кишвар таъкид кардааст. Муҳаммад Мурсӣ дар суханронии поёнии нишасти Қоҳира гуфтааст, "бар зарурати афзоиши талошҳо ба манзури поён додани ба ранҷҳои мардуми Сурия, тавофуқ кардем."

Аммо мунташир шудани манти баёнияи поёнии нишасти Қоҳира аз он ҳикоят мекунад, ки ихтилофҳо миёни кишварҳои исломӣ дар масъалаи Сурия ҳамчунон побарҷост. Матни пешнависи баёнияро вазирони корҳои хориҷии кишварҳои исломӣ таҳия кардаанд, ки дар он давлати Сурияро масъули аввали хунрезиҳо дар ин кишвар донистааст. Як манбаи дипломатӣ дар Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ба хабаргузории Ройтерз гуфтааст, ки Эрон ба бархе аз бандҳои баёния эътироз дорад.

Дар оғози ҳафтаи ҷорӣ Маоз Ал-Хатиб, раиси эътилофи мухолифони режими Башор Асад ба шакли ногаҳонӣ омодагии худро барои гуфтугӯ бо намояндагони низоми Сурия, ки «дасташон ба хун оғӯшта нашудааст»-ро эълом кард. Ӯ гуфт, ки меҳвари гуфтугӯҳо бояд бар сари хуруҷи амни Башор Асад аз қудрат бошад ва Муҳаммад Мурсӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод

Муҳаммад Мурсӣ ва Маҳмуди Аҳмадинажод

Форуқ Аш-Шаръ, муовини раиси ҷумҳури Сурияро барои гуфтугӯҳои пешниҳод кард.

Ӯ рӯзи панҷшанбе ба шабакаи Би-би-сӣ гуфт, ки низоми Сурия то якшанбе фурсат дорад то ҳамаи занони зиндониро озод кунад, дар ғайри он пешниҳодаш барои гуфтугӯ тамомшуда ба шумор хоҳад омад.

Раисони ҷумҳури Миср, Туркия ва Эрон дар ҳошияи нишасти Қоҳира барои баррасии роҳҳои ҳимояти пешниҳоди Ал-Хатиб, гирдиҳам омаданд. Аммо гузорише дар бораи ҷузъиёти ин нишаст мунташир нашудааст.

Давлати Сурия ба сабаби он, ки чанд моҳ қабл узвияташ дар Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ ба ҳолати таълиқ омад, дар нишасти Қоҳира намояндае надошт. Намояндае аз мухолифони Сурия низ дар нишаст ҳузур надоштааст.
XS
SM
MD
LG