Пайвандҳои дастрасӣ

Эътирофи ҷавоне, ки мехост Бонки Амрикоро битарконад


Як ҷавони бангладешӣ эътироф кард, ки қасд дошт, бо истифода аз силоҳи куштори ҷамъӣ Бонки Марказии Амрико дар Ню Йоркро битарконад. Қозӣ Муҳаммад Нафиси 21-сола рӯзи панҷшанбе дар муҳокимаи додгоҳӣ дар Ню Йорк ба ин қасди худ эътироф кард. Дар сурати собит шудани гуноҳаш, ӯро метавонанд ба ҳабси абад маҳкум кунанд. Қозӣ Муҳаммад Нафисро рӯзи 17 октябри соли 2012 дастгир карданд. Ӯ бо ин тассавур, ки дар мошини боркашаш 454 килограм маводи тарканда дорад, онро ба кӯчаи Волл Стрит ронда ва саъй кард, ки онро битарконад. Маъмурони амниятии Амрико, ки аз тарҳи ӯ пешакӣ огаҳ шудаанд, худро шарики Муҳаммад Нафис вонамуд карда ва ба ҷойи маводи тарканда, моддаи оддие гузошта буданд.
XS
SM
MD
LG