Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иттиҳоми охирини вазири гурҷиро беасос хонданд


Додгоҳи таҷдиди назар дар шаҳри Тбилиси, охирин иттиҳом алайҳи Иракли Окруашвили, вазири дифоъи Гурҷистонро беасос донист. Вазири собиқро ба он муттаҳам мекарданд, ки бо хунукназарӣ иҷоза додааст, ки аслиҳаи вайрон бихаранд. Моҳи гузашта додгоҳи Гурҷистон, Иракли Окруашвилиро, ки соли 2008 бо гуноҳи ришвахорӣ дар ғайбаш ба 11 соли зиндон маҳкум карда буданд, бегуноҳ донист ва ҳукмашро беэътибор кард. Вазири собиқи дифоъи Гурҷистон соли 2007 ба хотири муҳокима нашудан, кишварашро тарк карда буд. Додгоҳ ҳамчунин моҳи январ, иттиҳомоти сӯистифода аз мақом, тиҷорати ғайриқонунӣ ва таъсиси гурӯҳи ғайриқонунии мусаллаҳро, ки ба Иракли Окруашвили эълом карда буданд, беасос донист. Иракли Окруашвили моҳи ноябр ба Гурҷистон баргашт ва баъди он ки ҳукумати нав ба таҳқиқи амалкарди чанде аз мақомоти собиқи умури дохилӣ шурӯъ кард. Баъди ҳукми додгоҳ дар рӯзи панҷшанбе Иракли Окруашвили ба хабарнигорон гуфт, ки аз Михайил Саакашвили раиси ҷумҳури Гурҷистон хоҳад хост, ки аз ӯ барои чунин таъқиб расман бахшиш бипурсад.
XS
SM
MD
LG