Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оятулло Хоманаӣ пешниҳоди Амрикоро рад кард


Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ раҳбари муаззами Эрон, пешниҳоди Амрико барои гуфтӯгуи мустақим миёни ду кишварро рад кард. Дар суханронӣ дар ҳузури нерӯи ҳавоии Эрон, Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ гуфт, “ин музокирот ҳеҷ чизро ҳал нахоҳад кард.” Ӯ бо хитоб ба Амрико афзуд, “шумо аслиҳаро муқобили Эрон мегиред ва мехоҳед, музокира кунед.” Ҷо Байден, муовини раиси ҷумҳури Амрико, ҳафтаи гузашта дар нишасти амниятии шаҳри Мюнхени Олмон гуфт, дар сурати “ҷиддӣ” будани қасди Эрон барои музокира Иёлоти Муттаҳида омода аст, ба сурати мустақим бо он кишвар музокира кунад. Як рӯз пеш аз ин Иёлоти Муттаҳида таҳримот алайҳи Эронро бештар кард, то даромади ин кишвар аз фурӯши нафт камтар шавад. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон саъй дорад, ки пинҳонӣ силоҳи атомӣ бисозад, аммо Эрон ин иддаъоҳоро пайваста рад карда ва гуфтааст, барномаҳои атомиаш танҳо ба хотири тавлиди нерӯи барқ аст.
XS
SM
MD
LG