Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бархӯрдҳои мухолифин бо полиси Тунис


Рӯзи панҷшанбе дар пойтахти ин кишвар шаҳри Тунис ва ҳамчунон шаҳри Қафсаи ин кишвар бархӯрди мухолифини исломиҳо бо полис ба вуқӯъ пайваст. Эътирозгарон тарафи полис зарфҳои саршор аз маводи сӯхт ҳаво доданд. Полис бо гази ашковар посух дод. Демократҳои тунисӣ маросими рамзии дафни Шукрӣ Белайидро барпо намуданд.
Раҳбари ҷунбиши мухолифини дунявии ҳукумати Тунис Белайид рӯзи чоршанбе дар пойтахти ин кишввар кушта шудааст. Куштори Белайид боиси эътирозҳои саросарӣ ва бархӯрд бо полис дар шаҳрҳои гуногуни Тунис гардид. Баъди ин ҳодиса сарвазири Тунис Ҳамадӣ Ҷабалӣ гуфт, ки ҳукуматро пароканда намуда, дар ҳукумати нав ба истилоҳ технократҳоро ҷамъ мекунад.
XS
SM
MD
LG