Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии буҷаи Иттиҳодияи Аврупо дар Брюссел


Раҳбарони кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо дар остонаи нишасти худ дар шаҳри Брюссел ҳушдор доданд, ки гуфтӯгуҳо дар бораи буҷаи ҳафтсолаи иттиҳодия сахт хоҳанд буд. Девид Кемерон, нахуствазири Бритониё, гуфт, агар кишварҳои узв хароҷот аз буҷаҳои худро камтар накунанд, ҳеҷ созише ҳосил нахоҳад шуд. Ангела Меркел, садри аъзами Олмон, гуфт, ки мавқеъи кишварҳои узв дар бораи буҷаи оянда ҳанӯз аз ҳам бисёр дуранд. Қарор буд, ҳамоиши сарони 27 кишвари узви Иттиҳодияи Аврупо субҳи панҷшанбе шурӯъ шавад, аммо онро ба далели музокиротҳои дутарафа ба хотири расидан ба созиш, чанд соат ба таъхир андохтанд. Бритониё, Олмон ва кишварҳои дигари шимолии Иттиҳодияи Аврупо пофишорӣ доранд, ки хароҷоти буҷаи Иттиҳодияи Аврупо камтар шавад, то аз ин ҳисоб кишварҳои узв ҳам сарфаҷӯӣ кунанд. Аммо кишварҳои ҷанубӣ ва шарқии Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, маблағгузории буҷаи муштарак ба минволи пешин идома кунад, то ба кишварҳои нодортар кӯмак шавад. Буҷаи Иттиҳодияи Аврупоро дар ҳаҷми як триллиону 400 миллиард доллар пешниҳод шуда буд, ҳоло то 943 миллиард доллар кам кардаанд.
XS
SM
MD
LG