Пайвандҳои дастрасӣ

Бархӯрди мухолифини исломиҳо бо полиси Тунис


Сарвазири Тунис Ҳамадӣ Ҷабалӣ

Сарвазири Тунис Ҳамадӣ Ҷабалӣ

Рӯзи панҷшанбе дар назди идораи раиси шаҳри Қафсаи Тунис бархӯрди мухолифини исломиҳо бо полис ба вуқӯъ пайваст. Эътирозгарон тарафи полис зарфҳои саршор аз маводи сӯхт ҳаво доданд. Полис бо гази ашковар посух дод. Демократҳои тунисӣ маросими рамзии дафни Шукрӣ Белайидро барпо намуданд. Раҳбари ҷунбиши мухолифини дунявии ҳукумати Тунис Белайид рӯзи чоршанбе дар пойтахти ин кишввар кушта шудааст. Куштори Белайид боиси эътирозҳои саросарӣ ва бархӯрд бо полис дар шаҳрҳои гуногуни Тунис гардид. Баъди ин ҳодиса сарвазири Тунис Ҳамадӣ Ҷабалӣ гуфт, ки ҳукуматро пароканда намуда, дар ҳукумати нав ба истилоҳ технократҳоро ҷамъ мекунад.
XS
SM
MD
LG