Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Афғонистон чархболи ISAF суқут кард


Қатори сарбозони нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО дар Афғонистон (ISAF)
Қатори сарбозони нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО дар Афғонистон (ISAF)
Нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии паймони НАТО мегӯянд, ки рӯзи панҷшанбе як чархболи онҳо дар шарқи Афғонистон сарнагун шудаааст. Дар изҳороти нерӯҳои байналмилалии зери раҳбарии НАТО ё худ ISAF гуфта мешавад, ки дар ин садама касе ҷароҳат набардоштааст, вале сабаби ин ҳодиса таҳқиқ мешавад. Ба қавли ҳамин манбаъ ҳангоми суқути чархбол дар минтақа фаъолияти душманона ҷой надошт. Аммо сухангӯи Толибон иддао дорад, ки чархбол дар минтақаи Тагоби вилояти Кописо бо мушаки Толибон сарнагун гашта, тамоми сарнишинони чархбол ҳалок шудаанд. Ба гуфти волии Кописо Меҳробуддин Сафӣ ҳодиса дар минтақае ба вуқӯъ пайваст, ки “амалиёти поксозӣ аз ҷангҷӯён” ҷараён дошт.
XS
SM
MD
LG