Пайвандҳои дастрасӣ

СММ мегӯяд, соли 2012-ум тахминан нисфи афғонҳо барои ҳалли мушкилиҳояшон ба мансабдорони ин кишвар пора додаанд.
Рӯзи панҷшанбе гузориши СММ нашр шуд, ки бар пояи он мизони умумии ришваситонӣ дар Афғонистон дар давоми чор соли ахир 40 дар сад боло рафта, ба 3 миллиарду 900 миллион доллар расидааст.
Ба қавли СММ полис, низоми адлия, ҳукуматҳои маҳаллӣ ва вазорати маориф аз фасодзадатарин ниҳодҳои Афғонистон мебошанд.
Аз соли 2001-ум ба ин тараф Афғонистон миллиардҳо доллар кумаки кишварҳои ғарбиро дастрас намудааст.
Соли 2014-ум кишварҳои ғарбӣ нерӯҳои худро аз Афғонистон берун мекашанд. Онҳо иброз доштаанд, ки идомаи кумак ба Афғонистон ба муборизаи ҳукумати афғон бо ришваситонӣ иртибот хоҳад дошт.
XS
SM
MD
LG