Пайвандҳои дастрасӣ

Вакили Кабирӣ ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурд


Бузургмеҳр Ёров - вакил мудофеи Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, санаи 7 феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, худи ҳамин рӯз ҳалномаи додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанберо дарёфт кардааст ва дар муқобили он ба додгоҳи шаҳри Душанбе шикоят бурдааст. Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо содир кардани ҳалнома санаи 30-уми январи соли ҷорӣ аз Муҳиддин Кабирӣ, вакили парлумон ва раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тақозо кард, ки аз тариқи васоити ахбори оммаи кишвар аз шаҳрдорӣ узр пурсад. Илова бар ин, додгоҳ талаби вакил мудофеи Муҳидин Кабириро дар хусуси пардохти 20 млн. сомонӣ ҷарима барои таҳқири намояндаи парлумон бекор кард. Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, зерҳимояаш ҳеҷ асосеро барои узр хостан аз шаҳрдорӣ намебинад ва комилан бо ҳалномаи додгоҳ мувофиқ нест.
XS
SM
MD
LG