Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳурони Сербистону Косово Томислав Николич ва Офият Яҳёоғо шаби чоршанбе бо миёнҷигии ИА дар Брюссел мулоқот карданд. Қабл аз мулоқоти сегона дидори алоҳидаи ҳар кадоми онҳо бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии ИА Кетрин Эштон доир шуд. Ин нахустин дидори сарони ин ду кишвар аз замони эълони истиқлоли Косово дар соли 2008 буда, оддӣ сохтани танишҳоеро ба ҳадаф дошт, ки дар пайи ҷудо шудани Косово аз Сербистон буруз кардааст. Сербистон истиқлоли Косоворо то ҳол радд мекунад, вале ба хотири пайвастан ба узвияти ИА ба муколама бо раҳбарони албании ин вилояти собиқаш розӣ шуд. Эштон баъд аз мулоқот гуфт, ки Николич ва Яҳёоғо ӯро "ҷиҳати ҳимоят ва пойбандиашон ба муколама итминони хотир доданд.” Яҳёоғо гуфт, дидор дар Брюссел "дидори президентҳои ду кишвари комилан баробари мустақил буд.”

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG