Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъватҳо ба раҳоии Яъқублу ва Мамадов


Афви байналмилалӣ хостори раҳоии ду раҳбари мухолифини Озарбойҷон шуда, сафорати Амрико ва Human Rights Watch аз боздошти онҳо изҳори нигаронӣ карданд. Муовини раиси ҳизби Мусовот Тавфиқ Яъқублу ва раҳбари Ҷунбиши REAL Илқор Мамадов рӯзи душанбе ба ташкили беназмиҳои оммавӣ айбдор шуданд. Ин айбнома марбут ба эътирозҳои 23 январ дар шаҳри Исмоилӣ, 150-километрии шимолуғарби Бокуст. Яъқублу ва Мамадов рӯзе баъд ба Исмоилӣ рафта, мардумро ба муқовимати маданӣ даъват карданд. Ҷонас Стюарт- сухангӯи сафорати Амрико дар Боку гуфт, “дар қиболи тамоми парвандаҳои марбут ба рӯйдодҳои 23-24 январ риояти қонунро мехоҳанд.” Human Rights Watch гуфт, нигарон аст, ки давлат хушунатҳои ахирро баҳонаи таъқиби ду мунтақиди худ қарор хоҳад дод. Девид Диаз-Хогикс аз Афви байналмилалӣ гуфт, "ин парванда тамоми нишонаҳои таъқиб ба далоили сиёсиро дорад.”
XS
SM
MD
LG