Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боз як вазири Олмон ба плагиат айбдор шуд


Аннетте Шаван
Аннетте Шаван
Вазири маорифи Олмон Аннетте Шаван гуфт, бо вуҷуди лағви рисолаи докториаш ба иллати плагиат(сирқати матн) истеъфо нахоҳад дод. Шаван гуфт, бо ҳукми Донишгоҳи ба номи Ҳенрих Ҳейнеи Дюссердорф бо роҳҳои қонунӣ мубориза хоҳад бурд. Хонум Шаван ин иддаоро, ки дар бахшҳое аз рисолаи “Мардум ва виҷдон”-аш аз соли 1980 манбаъи иқтибос зикри муносиб наёфтааст, радд мекунад. Шаван аз ёрони наздики сиёсии садри аъзами Олмон Ангела Меркел шинохта мешавад. Дар соли 2011 айни иттиҳоми плагиат дар рисолаи докторӣ мунҷар ба истеъфои вазири дифоъи Олмон Карл-Теодор зу Гуттенберг шуда буд. Ӯ ситораи наве дар сиёсати Олмон маҳсуб мешуд, вале баъди истеъфо аз сиёсат канор рафт.
XS
SM
MD
LG