Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз рақибони Саркисиён тарки корзор мекунад


Арам Ҳарутюниён
Арам Ҳарутюниён
Як номзад ба президентии Арманистон гуфт, аз сабқат хориҷ мешавад. Вале раҳбари ҳизби оштии миллӣ Арам Ҳарутюниён гуфт, рӯзи 7 феврал қабл аз бозхонди расмии номзадиаш як рӯз дар рӯбарӯи Куммиссиюни интихобот гуруснашинӣ хоҳад кард. Ӯ яке аз 8 номзад дар интихоботи рӯзи 18 феврал аст, ки интизор меравад, бо пирӯзии раиси кунунии ин ҷумҳурӣ Серж Саркисиён анҷом шавад.Ҳарутюниён мехоҳад, номзадҳои дигар низ тарки корзор кунанд. Номзади дигар Андриас Ғукасиён, ки 17 рӯз гуруснанишинӣ кард, аз куммиссиюни интихобот бозбинии сабти номи Саркисиёнро тақозо дорад. Ғукасиён низ аз номзадҳои дигар хостааст, то бо тарки корзор Саркисиёнро дар майдон танҳо монда, интихоботро ғайримашрӯъ гардонанд.
XS
SM
MD
LG