Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Изҳори ташвиши Ҳинд аз ҳамкории Покистону Чин


Вазири дифоъи Ҳинд А.К.Энтонӣ

Вазири дифоъи Ҳинд А.К.Энтонӣ

Ҳинд аз тасмими Покистон, ки идораи як бандари стротегӣ дар баҳри Арабро ба Чин медиҳад, изҳори ташвиш кард. Вазири дифоъи Ҳинд А.К.Энтонӣ гуфт, қарори ҳафтаи гузаштаи Исломобод ҷиҳати додани бандари Гвадар ба як ширкати давлатии Чин “мояи нигаронист.” Пекин барои рушди ин бандари воқеъ дар наздикии гулӯгоҳи Ҳурмуз – масири калидии ҳамлу нақли нафт- беш аз 100 миллион доллар сармоя гузоштааст. Бо вуҷуди гарм шудани равобити тиҷориашон, Пекину Деҳлии нав ду рақиби суннатӣ шинохта мешаванд. Ҳинд аз тақвияти нуфузи Чин дар Осиёи ҷанубӣ метарсад. Чин дар Шри-Ланка низ як бандарро таъмини молӣ карда, айни пешниҳодро ба Бангладеш додааст. Покистон як ёри калидии Чин ва рақиби асосии Ҳинд ба шумор меояд.
XS
SM
MD
LG