Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз сарнавишти ду фаъоли озарӣ


Сафорати Амрико ва Human Rights Watch дирӯз аз боздошти ду раҳбари мухолифини Озарбойҷон изҳори нигаронӣ карданд. Муовини раиси ҳизби Мусовот Тавфиқ Яъқублу ва раҳбари Ҷунбиши REAL Илқор Мамадов рӯзи душанбе ба ташкили беназмиҳои оммавӣ айбдор шуданд. Ин айбнома марбут ба эътирозҳои густардаи рӯзи 23 январ дар шаҳри Исмоилӣ, воқеъ дар 150-километрии шимолуғарби Бокуст. Яъқублу ва Мамадов рӯзе баъд ба Исмоилӣ рафта, мардумро ба муқовимати маданӣ даъват карданд. Ҷонас Стюарт- сухангӯи сафорати Амрико дар Боку ба Озодӣ гуфт, “мо аз ҳукумати Озарбойҷон мехоҳем, дар қиболи тамоми парвандаҳои марбут ба рӯйдодҳои 23-24 январ қонунро риоят кунад.” Human Rights Watch гуфт, нигарон аст, ки давлат хушунатҳои ахирро баҳонаи таъқиби ду мунтақиди худ қарор хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG