Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътирозҳои густарда дар саросари Тунис


Шукрӣ Билод (Акс аз бойгонӣ)
Шукрӣ Билод (Акс аз бойгонӣ)
Ҳазорон нафар дар саросари Тунис алайҳи қатли раҳбари мухолифини дунявӣ эътироз карданд. Шукрӣ Билод – раҳбари ҳизби муттаҳидаи миллӣ-демократӣ рӯзи чоршанбе ҳангоми берун рафтан аз манзилаш дар пойтахти Тунис тир хӯрд ва дар бемористон даргузашт.
Билод нисбат ба ҳизби мӯътадили исломии Ан-Наҳда, ки дар ҳукумат нақши асосиро бозӣ мекунад, нигоҳи интиқодӣ дошт. Дирӯз чанд ҳазор нафар дар даври вазорати дохилаи Тунис гирди ҳам омада, ҳазорон тани дигар дар Сидӣ Бӯзид – саргаҳи ошӯбҳои Баҳори Араб – ба кӯчаҳо рехтанд. Пулис дар ҳарду шаҳр барои пароканда кардани эътирозгарони хашмолуд аз гази ашковар кор бурдааст. Раисиҷумҳури Тунис Мунсиф Марзуқӣ қабл аз азми Тунис ба парлумони Аврупо дар Страссбург гуфт, ин куштор “таҳдид”-и душманони гузариши кишвараш ба демократия аст, ки бо суқути диктатори дарозумраш Зайналобидин Бен Алӣ дар соли 2011 оғоз ёфт.
XS
SM
MD
LG