Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои нави Амрико алайҳи Эрон


Иззаттуллоҳ Зарғомӣ
Иззаттуллоҳ Зарғомӣ
Амрико алайҳи Эрон таҳримоти наве эъмол кард, ки дастрасии Ҷумҳурии исломӣ ба фоидаҳои нафтро шадидтар карда, таъсисоти муртабит дар сонсури давлатиро муҷозот мекунад. Баёнияи вазорати молияи Амрико мегӯяд, ин иқдом бо афзоиши мавридҳои таҳти таҳрими интиқоли пул бо Бонки марказии Эрон имкони истифодаи Теҳрон аз фоидаҳои нафт дар ниҳодҳои молии хориҷиро маҳдуд сохта, аз бозгардони ин пулҳо ба Эрон ҷилавгирӣ мекунад. Эрон пули нафтро барои таъмини молии барномаи ҳастаияш истифода мекунад. Ғарб мегӯяд, ҳадафи ин барнома даст ёфтан ба тавони сохтани силоҳҳост. Эрон инро радд мекунад. Вазорати молияи Амрико пулҳои Созмони суханпарокании Эрон ва мудираш Иззаттуллоҳ Зарғомӣ, пулиси интернетии Эрон, мақомоти танзими мухобирот ва ширкати саноеъи электронии он кишварро низ мунҷамид карда, муомилоти пулӣ бо онҳоро ҳам ба далели даст доштанашон дар сонсур манъ кардааст.
XS
SM
MD
LG