Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии сафорати Амрико дар Боку аз боздошти ду мухолифи давлат


Сафорати Амрико дар Боку аз боздошти ду раҳбари мухолифон дар Озарбойҷон изҳори нигаронӣ кардааст. Тофиқ Ёқубӣ-муовини раиси ҳизби Мусовот ва Илқар Мамадов-раиси ҷунбиши RЕАL рӯзи душанбе боздошт шуданд ва барои созмон додани беназмӣ гунаҳгор дониста мешаванд.

Онҳоро барои тазоҳуроти эътирозии пуродам дар шаҳраки Исмоиллӣ, воқеъ дар 150 километрии шимоли ғарби Боку гунаҳгор кардаанд. Ин тазоҳурот 23 январ баргузор шуда буд.

Ҷонас Стюарт-корманди бахши матбуотии сафорати Амрико дар Боку ба радиои Озодӣ гуфт, дар робита бо ҳамаи парвандаҳои марбут ба тазоҳуроти 23-24 январ мо аз ҳукумати Озарбойҷон дархост мекунем, ки расидагӣ ба ин парвандаҳо тибқи қонун, шаффоф ва одилона сурат бигирад.
XS
SM
MD
LG