Пайвандҳои дастрасӣ

Русия боҷи гумрукиашро барои Тоҷикистон лағв кард


Расми имзои созишнома дар Маскав

Расми имзои созишнома дар Маскав

Вазирони энержии Русияву Тоҷикистон Александр Новак ва Шералӣ Гул имрӯз дар Маскав ба қарордоди ҳамкорӣ дар бахши содироти маводи сӯхт ба Тоҷикистон имзо карданд. Тибқи ин қарордод, Русия боҷи гумрукиеро, ки соли 2010 болои содироти маводи сӯхташ ба Тоҷикистон эъмол карда буд, аз байн бурда, дар соли 2013 ба Душанбе бидуни боҷ 1 миллион тонна маводи сӯхт хоҳад дод.
Сухангӯи сафорати Тоҷикистон дар Маскав Муҳаммади Эгамзод гуфт, ҷониби Тоҷикистон, бар асоси ин қарордод, ҳаққи содироти дубораи маводи сӯхти бебоҷ ба кишварҳои севумро надорад.
Ҷониби Русия ҳамчунин ҷиҳати ширкат дар тарҳи КАСА-1000, ки сохтани хутути барқ ва зербинои дигари лозим барои расондани нирӯи барқи Қирғизистону Тоҷикистон ба бозорҳои Осиёи ҷанубиро ба ҳадаф дорад, изҳори омодагӣ кардааст.Шералӣ Гул ҳамчунин аз ҳамтои русаш хост, то дар мавриди таъмини ҳалунақли бемамониати маҳсулоти нафтиаш аз тариқи Узбакистон мусоидат кунад.Лағви боҷи гумрукӣ аз содироти маводи сӯхташ як ваъдаи Русия дар ивази созишномаи моҳи октябр имзошуда роҷеъ ба тамдиди замони ҳузури пойгоҳи 201-уми он кишвар дар Тоҷикистон то соли 2042 буд.
XS
SM
MD
LG