Пайвандҳои дастрасӣ

Вакилон: Фаъолияти парлумони ҷавонони Тоҷикистон озод нест


Чаҳор вакили парлумони ҷавонони Тоҷикистон, ки муҳаасислини Донишгоҳи миллӣ ва Донишкадаи исломӣ ҳастанд, тасмим гирифтанд, ки аз мақомашон канор раванд.

Сабаби аслии истеъфои ин вакилони ҷавон, ба нодида гирифта шудани пешниҳоду назарҳои онҳо аз ҷониби раҳбарияти парлумон ва озод набудани фаъолияти ин ниҳод рабт доштааст.

Парлумони ҷавонони Тоҷикистон, 3 соли қабл бо ҳадафи расидагӣ ба мушкилоти ҷавонони тоҷик ва кашфи лидерҳои ҷавон аз сӯйи созмони ҷамъиятии «Мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» таъсис ёфта буд, аммо вакилоне, ки акнун мехоҳанд бо ин мақоми худ «Худо ҳофизӣ» кунанд, мегӯянд, бо фаъолият дар ин парлумон натавонист ба аҳдофи худ бирасад. Ба гуфтаи онҳо, дар ҳоле, ки имрӯз ҷавонони тоҷик даҳҳо мушкили ҳалталабу муҳиме доранд, дар парлумон бештар ба мавзӯҳое таваҷҷӯҳ мешуд, ки барои ин қишр аслан муҳим нестанд.

Аҳмадхӯҷа Давлатов, вакил ва раиси комиссияи тафтишоти парлумони ҷавонони Тоҷикистон ва Синои Файзалӣ аз ҷумлаи он 4 вакиле ҳастанд, ки мехоҳанд тарки парлумон кунанд. Онҳо ахиран дар меҳмонии барн қарор доштанд ва дар сӯҳбат бо мо нахуст гуфтанд:

Аҳмадхӯҷа Давлатов: «Ман ба ин парлумони ҷавонон ҳамчун вакил ба он хотир дохил шудам, ки як саҳме дар ҳалли мушкилоти ҷавонон дошта бошам. Аммо бо гузашти 3 моҳи узвият дар ин парлумон, ман ҳеҷ барномаи ҷолиберо надидам, ки дар ин парлумон баррасӣ шавад. Ва аз фаъолият дар ҷое, ки ҳеҷ нафъе ба кишвар надорад дигар худдорӣ мекунам. Мо пешниҳодҳо мекардем. Масалан дар мавриди даъвати унвонҷӯён ба сафи қувваҳои мусаллаҳ, ки ҳатто муроҷиат ҳам буд ба мо, чандин бор ба раиси парлумон пешниҳодҳо кардам, ки бояд ин масъаларо баррасӣ кунему роҳи ҳал биҷӯем. Роҳбар мегӯянд, ин масъала аз дасти мо намеояд, шояд мушкиле барои мо пеш ояд. Хуб, билохира бо як мушкилӣ ба парлумони касбӣ суолҳо дар ин мавридро пешниҳод кардем ва то ҳол посух нест. Ҳамин тавр чандин масъалаҳои дигаре буданд, ки пешниҳод шуданд ва онҳо бо ҳар баҳона ба инобат намегирифтанд.»

Синои Файзалӣ

Синои Файзалӣ

Синои Файзалӣ: “Он чизе, ки ҷавонони мо ба он бештар эҳтиёҷ доранд аз чашм дур мемонд. Масалан вакилон пешниҳод мекарданд, ки бояд дар бораи байрақ сӯҳбат кунем, як мавзӯҳое, ки барои ҷавонон имрӯз ҷолиб нестанд баррасӣ мешуданд. Ва аз ҳама муҳим ягон кумитаи вобаста ба дин надошт. Ва фикр мекунам бо сухану шеъру афсонахонӣ дигар намешавад мушкилеро ҳал кард.”

Озодӣ: Аслан мавзӯҳое, ки баррасӣ мешӯд, киҳо пешниҳод мекарданд ва дар кадом асос интихоб мешуданд?

Синои Файзалӣ: «Масалан мо бо даъвати раиси парлумон ҷамъ меомадем, аз 14 нафар танҳо 5 нафар ҷамъ мешудем ва ғолибан ҳар мавзувӯ пешниҳоде, ки аз сӯйи вакилон мешуд, аксаран рад мешуданд. Кумита ё навтаъсис аст, ё шояд он нуфузу қудрате, ки бояд дошта бошад, надорад. Фақат мавзӯъҳои оддӣ, мисли сӯҳбатҳо атрофи Парчам қабул мешуданд. Аслан пешниҳодҳо дар робита ба масъалаҳои диниро қабул намекарданд ва ҳатто ин мавзӯҳоро ба ҷузъи масъалаҳои ҳалношаванда ворид мекарданд.»

Озодӣ: Дар ҷаласаи ахири парлумон, ки дар охирҳои соли 2012 баргузор шуд, гуфта мешуд як самти аслии фаъолияти он, фаъол кардани ҷавонони тоҷик дар интихоботи президентии соли 2013 хоҳад буд. Оё то имрӯз ягон барномае дар ин маврид рӯйи даст гирифта шуд. Ё аслан дар ин самт чӣ тадбиру талошҳое доштед?

Аҳмадхӯҷа Давлатов: “Ростӣ ман шахсан чандин бор пешниҳод кардам, ки биёед бо ташкили нишастҳо дар мавзӯи ман ва ҳуқуқҳои ман, ҷавононро аз ҳуқуқҳои худ огоҳ ва ба ин восита барои ширкат дар интихобот омода кунем, қабул нашуд. То ба имрӯз ба раис мегуфтам, ки интихобот наздик мешавад ва чун ман раиси комиссияи тафтишоти интихоб шудаам, мегӯянд чӣ кор мекунӣ ту нақшаи кориро? Яъне ман муттаҳидиро намебинам ва ман гумон кардам, ки шояд мо аз ҷониби ниҳодҳои дигар чун як вакилони қолабӣ истифода мешуда бошем.”

Озодӣ: Парлумони ҷавонон дар робита ба мушкилоти ҷавонон аз ҷумла дар робита ба баста шудани фаъолия созмони ҳуқуқшиносони ҷавон «Ампаро» парлумони ҷавонон ягон садо баланд карда буд? Чун то ҷое медонам мо нашунидаем чунин иқдому овозе аз шумо.

Аҳмадхӯҷа Давлатов

Аҳмадхӯҷа Давлатов

Аҳмадхӯҷа Давлатов: «Не набуд чунин пешниҳодҳо ва як сабаби соҳиби нуфуз нашудани ин созмон ҳам ҳамин хомӯшӣ буд. Аммо ин пешниҳод ҳам буд, ки дар муқобили тақдири созмони ҷамъияти ҷавонон бетараф набошем ва назар ва мавқеи вакилони парлумонро пешниҳод кунем. Ин ҳам мутаасифона қобили қабул дониста нашуд.»

Озодӣ: Омили аслии пеш омадани чунин мушкил ё ҳамин ба инобат гирифта нашудани пешниҳоду назарҳои вакилон аз сӯйи масъулини парлумон чӣ буд?

Аҳмадхӯҷа Давлатов: «Ростӣ намедонам, дар ҳоле, ки масалан як мавзӯъ аз сӯйи аксар вакилон қабул мешавад, намедонам аз кадом сабаб, шояд аз тарафи дастгоҳ иҷозат дода намешавад, ки раҳбари парлумон барои баррасии он иҷоза намедиҳад. Яъне вакилони парлумон озод нестанд.»

Дар пайи сӯҳбат бо вакилони ҷавоне, ки тасмим доранд истеъфо диҳанд мо ҳамчунин ба раҳбарияти ин парлумон ҳам муроҷиат кардем. Ҷумъахон Нозилшоев раҳбари парлумони ҷавонони Тоҷикистон мегӯяд, онҳо аз ин тасмим вакилони худ огоҳанд. Аммо то ҳол расман мактубе аз тасмими истеъфои ин вакилон дарёфт накардаанд.

«Парлумон, як сохтори демократӣ аст ва ҳар кас ҳуқуқ дорад озодона фикру ақида ё амале кунад. Аммо то имрӯз мо аз ин афрод чизе расман нагирифтаем. Вале дар масъалаи интихоби мавзӯъҳо барои баррасӣ дар парлумон, агар воқеан мавзуъ ва пешнҳоди хубе аз сӯйи вакилон садо диҳад, мо ҳатман бо машварати ҳамдигар онро ба баррасӣ мегирем. Ин, ки пешниҳодҳо қабул намешаванд нодуруст аст.»

Парлумони ҷавонони Тоҷикистон дар моҳи майи соли 2010 бо ташаббуси созмони иҷтимоии «Мо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ» таъсис ёфтааст. Ин парлумон як ниҳоди иҷтимоӣ буда, мисли парлумони касбии кишвар аз 63 вакил иборат аст. Вакилони парлумони ҷавонони Тоҷикистон умдатан аз ҷумлаи донишҷӯёни фаъоли донишгоҳҳои кишвар ҳастанд. Бар асоси низомнома, ҳар ду сол интихоб мегарданд.

Ҳадафи аслии ташкили чунин парлумон, ин фаъол кардани ҷавонони кишвар дар ҳаёти сиёсӣ ва аз миёни онҳо кашфу омода сохтани лидерҳо аст. Тибқи қоида, бояд вакилони ҷавон бо омӯзишу баррасии масоили доғи ҳаёти ҳамсолонашон, хулосаву бардоштҳои худро ба сохторҳои масъул ва порлумонии аслии кишвар пешниҳод кунанд.
XS
SM
MD
LG