Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Душанбе гаравгонони украиниро раҳо карданд


Виктор Никитюк-сафири Украина дар Тоҷикистон ба матбуот гуфтааст, ки ба саломатии се шаҳрванди Украина, ки аз гаравгонӣ раҳо шудаанд, хатаре таҳдид намекунад.

Сафир дар бораи ҳуввияти ин шаҳрвандони раҳошуда ва афроде, ки вайро дар гаравгонӣ нигоҳ медоштанд, маълумот надодааст, вале гуфтааст, ки гаровгонгирандагон барои раҳоии ин се шаҳрванд 100 ҳазор доллар талаб кардаанд.

31 январ кормандони раёсати мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфтаи вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон амалиёти раҳоии гаравгононро анҷом додаанд.

Вазорати дохилаи Тоҷикистон дар бораи гаравгонгирон маълумот надодааст.
XS
SM
MD
LG