Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муттаҳиди Аҳмадинежодро аз зиндон раҳо карданд


ИРНО-хабаргузории давлатии Эрон гуфтааст, ки Саид Муртазавӣ яке аз муттаҳидони Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон рӯзи чаҳоршанбе аз зиндони Эвин раҳо шудааст. Саид Муртазавӣ дар гузашта Додситони кулли кишвар буд.

Вай рӯзи якшанбе баъд аз он боздошт гардид, ки Аҳмадинежод хонаводаи Алӣ Лориҷонӣ-раиси порламони Эронро ба таври ошкоро барои ришвахорӣ муттаҳам кард.

Аҳмадинежод барои райи адами эътимод ба вазири кор бо Лориҷонӣ дар порламон моҷаро кард. Ба вазири кор барои он райи эътимод надоданд, ки вай Муртазавиро раиси Бунёди ҳифзи иҷтимоӣ таин кардааст.

Муртазавӣ соли 2010 аз мақоми Додситони куллли Эрон барканор шуда буд.
XS
SM
MD
LG