Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Украина истирдоди Абдуллоҷоновро баррасӣ мекунанд


Ҷониби Украина масъалаи истирдоди Абдумалик Абдуллоҷонов-нахуствазири пешини Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Сафорати Амрико дар Киев ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сафорат машғули таҳқиқи мақоми ҳуқуқии Абдуллоҷонов аст. Абдуллоҷонов дорандаи корти сабз ё Green Card-и Амрикост.

Нахуствазири пешини Тоҷикистон рӯзи сешанбе дар фурудгоҳи Борисполи шаҳри Киев боздошт шудааст. Тибқи хабарҳо, ӯ бо ҳавопаймо аз Лос-Анҷелес, тавассути Амстердам ба Киев парвоз кардааст. Ҳадафи сафараш ба Киев номаълум боқӣ мемонад.

Мақомоти интизомии Тоҷикистон Абдуллоҷоновро барои даст доштан дар ҷиноятҳои сангин муттаҳам медонанд.

Рамазон Раҳимов-вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Итар-тасс гуфт, ки боздошти Абдуллоҷонов бо дархости ҷониби Тоҷикистон сурат гирифтааст. Вазорати умури дохилаи Украина дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки масъалаи Абдуллоҷоновро таҳқиқ ва эҳтимоли истирдоди вайро ба Тоҷикистон баррасӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG