Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамла ба нуқтаи мубодилаи асъори «Амонтабонк» дар Хуҷанд


Дафтари матбуоти вазорати корҳои дохили Тоҷикистон имрӯз ба «Озодӣ» гуфт, ки рӯзи 5-уми феврал Акмал Маннонов, сокини ноҳияи Конибодом ба нуқтаи мубодилаи асъори «Амонатбонк», воқеъ дар кӯчаи Шарқии шаҳри Хуҷанд ҳамла намуда, корманди он Равшан Юсуфҷоновро бо зарби ханҷар захмӣ кардааст.

Акмал Манонов пас аз захмӣ намудани корманди нуқтаи мубодилаи асъор, дар ҳаҷми 427700-суми узбакӣ, 16760 рубли русӣ, 16221-доллари амрикоӣ ва 4608-сомонӣ маблағҳои пулиро гирифта, фирор мекунад.

Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки бар асари ҷустани чораҳои фаврӣ, Акмал Маннонов дастгир шуд, ки ҳамчун гумонбар дар сӯиқасд ба ҷони Равшан Юсуфҷонов сокини маҳаллаи 12 шаҳри Хуҷанд дониста мешавад. Ҳамакнун дар нисбати ин қазияи парванда боз шудааст.
XS
SM
MD
LG