Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти саррофони бозори сиёҳи пул дар Узбакистон


Хабаргузориҳои Русия иттилоъ медиҳанд, ки дар Узбакистон саррофони ғайриқонунии пул ба таври саросарӣ боздошт мешаванд. Шумораи афроди боздошшуда ошкор нашудааст. Хабаргузории Lenta.ru бо такя ба маълумот аз ходимони ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқу тартиботи Узбакистон овардааст, ки бо ин амалиёт мақомоти Узбакистон мехоҳанд аз беқурбшавии пули маҳаллӣ ҷилавгирӣ кунанд.
Ҳафтаи гузашта баъди эълони қарори манъи фурӯши пулҳои хориҷӣ арзиши пули миллии Узбакистон поин шуд. Хабаргузории Uznews мегӯяд, ки феълан дар бозори сиёҳ як доллари амрикоӣ ба 3200-3700 сӯми узбакӣ баробар аст. Ин дар ҳолест, ки як ҳафта пеш як доллар ба 2700 сӯми узбакӣ баробар буд. Бонки марказии Узбакистон ҳукм баровард, ки сар аз якуми феврал табодули пули узбакӣ ба арзи хориҷӣ фақат тавассути пардохт аз корди маҳаллӣ ба корди байналмилалии муштарӣ сурат хоҳад гирифт. Шаҳрвандони Узбакистон ва хориҷиён ҳамоно ҳақ хоҳанд дошт, ки мисли пештара пули хориҷии худро ба сӯми узбакӣ табодул намоянд.
XS
SM
MD
LG